Пайвандҳои дастрасӣ

Эштон бо Януковичу рақибонаш сӯҳбат мекунад


Қарор аст, имрӯз Кетрин Эштон, масъули сиёсати умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар талоше барои рафъи бӯҳрони сиёсӣ дар Украина бо раиси ҷумҳур Виктор Янукович ва раҳбарони мухолифони давлат мулоқот кунад. Кетрин Эштон шоми сешанбе низ бо раҳбарони мухолифони Украина зимни наҳори якҷоя доир ба роҳҳои рафъи бӯҳрон сӯҳбат кард. Пештар аз ин Ҷо Байден, муовини раиси ҷумҳури Амрико, аз Виктор Янукович тақозо кард, ки роҳи муоколама ва мусолиҳаро пеш гирад ва нерӯҳои зиддишӯришро билофосила аз хиёбонҳо берун кашад. Дигар ин ки вакилони порлумони Украина, имрӯз низ масъалаи ислоҳ дар Қонуни Асосӣ ва коҳиши салоҳиятҳои салоҳиятҳои раиси ҷумҳурро баррасӣ кунанд. Баъд аз онки дар моҳи ноябр, Виктор Янукович, аз имзои аҳдномаи ҳампаймонӣ бо Иттиҳодияи Аврупо даст кашид, дар ин кишвар ҳаррӯз тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG