Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми ФФТ 17-уми феврал шурӯъ мешавад


Мавсими нави футбол дар Тоҷикистон бо Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон) рӯзи 17-уми феврал оғоз меёбад.

Ба иттилои Лигаи миллии футболи Тоҷикистон Ҷоми ФФТ аз ду давра иборат аст. Давраи аввали мусобиқот, ки минтақавист, аз 17-ум то 25-уми феврал дар Суғд, Хатлон ва Душанбе баргузор мешавад. Давраи дувум – марҳалаи ниҳоӣ – аз 9-ум то 16-уми март барпо мегардад. Бозии ниҳоӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир хоҳад шуд.
Дар ин мусобиқот дастаҳои лигаҳои олӣ ва аввали кишвар ширкат меварзанд. Барои иштирок дар мусобиқоти вилояти Суғд дастаҳои кишварҳои хориҷӣ низ роҳ дода мешаванд.
Дастаҳое, ки дар мусобиқоти вилоятҳои Суғду Хатлон ҷойҳои 1-ум ва 2-юмро касб мекунанд, инчунин, чаҳор дастаи беҳтарини минтақаи Душанбе ба марҳалаи ниҳоӣ роҳхат мегиранд. Дар давраи хотимавии мусобиқот дастаҳо ба ду гурӯҳи иборат аз чордастаӣ тақсим мешаванд.
Дастаи ғолиби марҳалаи ниҳоӣ бо Ҷоми ФФТ ва медалҳои тилло мукофотонида мешавад. Ба дастаҳое, ки ҷойҳои дувуму севумро ишғол мекунанд, мутаносибан медалҳои нуқраву биринҷӣ супурда хоҳад шуд. Инчунин беҳтарин бозигарон ва доварони мусобиқот бо тӯҳфаҳои қиматбаҳо сарфароз мегарданд.
Бояд тазаккур дод, ки Ҷоми ФФТ барои севумин бор баргузор хоҳад шуд. Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода аввалин барандаи Ҷоми ФФТ мебошад. Футболбозони Турсунзода дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи 13-уми марти соли 2012 дар варзишгоҳи “Автомобилист”-и Душанбе баргузор шуд, бар дастаи “Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд.
Ба дасти ғолиб - “Регар-ТадАЗ” Ҷоми ФФТ ва 20 ҳазор сомонӣ супурда шуд. Тими “Хайр” барои ҷойи дувум 15 ҳазор сомонӣ гирифт.
Қабл аз бозии ниҳоӣ дар варзишгоҳи “Автомобилист” тимҳои ССКА "Помир"-и Душанбе ва "Равшан"-и Кӯлоб барои ҷои севум мубориза бурданд. Бозӣ бо ғалабаи низомиёни Душанбе бо ҳисоби 2:1 поён ёфт. Дастаи ССКА “Помир” бо 10 ҳазор сомонӣ сарфароз гашт.
Соли гузашта бошад, дастаи «Хайр» дар бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ бар ССКА «Помир» аз рӯи силсилаи пеналтӣ пирӯз шуд. Ин бозӣ рӯзи 31-уми августи соли 2013 дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода барпо гардид. Замони асосии ин дидор бо ҳисоби мусовии 1:1 ба анҷом расид.
Дар замони изофӣ (ду қисми 15-дақиқаӣ) ҳисоб тағйир наёфт. Дастаи ғолиб аз рӯи силсилаи пеналтӣ маълум шуд. Кори футболбозони «Хайр» дар задани силсилаи зарбаҳои 11-метра омад кард ва онҳо бо ҳисоби 6:5 (ҳисоби умумӣ – 7:6) ғалаба карданд.
Дастаи «Хайр» бо ҷоизаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон - Ҷоми ФФТ, сертификат ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ ва медалҳои тилло сарфароз гашт. Дастаи ССКА «Помир» бо сертификат ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ ва медалҳои нуқра мукофотонида шуд.
XS
SM
MD
LG