Пайвандҳои дастрасӣ

Нашрияи Foreign Policy матлаберо зери унвони "Даҳ иштибоҳи умда дар ҷанги Афғонистон" чоп кардааст.

Стефан М.Валт, нависандаи ин мақола ба ин бовар аст, ки аз Тура Бура (паноҳгоҳи ҷангиёни Ал-Қоида дар наздикиҳои шаҳри Ҷалолобод) то хастагии ҷанг, мероси Амрико дар Амрико фақат як талоши ноком, яке пас аз дигаре будааст.

Валт мегӯяд, ки иштибоҳи нахусти Амрико ин буд, ки дар ҳамон оғоз ба ҷои ин, ки аз муттаҳидони НАТО кӯмак бихоҳад, ба танҳоӣ вориди ҷанги Афғонистон шуд. Нависанда мегӯяд, ки идораи Буш хост нишон диҳад, ки бо кӯмаки Эътилофи шимол ба танҳоӣ метавонад ин маъмуриятро ба анҷом бирасонад.
Валт мегӯяд, ҳамгоме, ки Буш ба Ироқ нерӯ фиристод, нерӯи кофӣ дар Афғонистон мавҷуд набуд, ки аз баргашти Толибон ҷилавгирӣ кунад ва вақте, ки НАТО вориди ҷанг шуд, дер шуда буд, зеро ба гуфтаи нависанда, як ҷанги нави дохилӣ дар ҷараён буд ва фурсате барои сохтани як Афғонистони босубот аз даст рафта буд.

Иштибоҳи дувум дар Тура Бура рух дод. Валт мегӯяд, ки дастгирии Усома бин Лодин ва афроди вобаста ба ӯ, далели ҳамла ба Афғонистон буд. Вале мутаассифона, ҳамоҳангии заиф бо нерӯҳои маҳалии афғон ва бемайлӣ дар фиристодани шумораи кофии сарбозони амрикоӣ дар ҷанги Тура Бура, ба Бин Лодин фурсат дод, то ба Покистон паноҳ барад. Ҷое ки ӯ барои ҳашт соли дигар дар онҷо паноҳгоҳ ёфт. Ба бовари нависандаи мақола, агар Амрико Усома бин Лодинро дар ҳамон замон дастгир мекард, метавонист дар ҷанг алайҳи ин гурӯҳ баранда эълом шавад.

Қонуни асосии Афғонистон ба назари оқои Валт, иштибоҳи савуми ҷанги Афғонистон буд. Зеро як давлати ба шиддати марказиро дар соли 2004 эҷод кард, ки ба бовари муаллифи мақола, худмухтории анъанавии афғонҳоро дар сатҳи маҳалҳо нодида гирифт ва ба раиси ҷумҳур қудрати беш аз ҳад бахшид.

Валт мегӯяд, иштибоҳи чаҳоруми ҷанги Амрико дар Афғонистон ҳамла ба Ироқ буд, ки дар навбати худ на танҳо як фоҷиа буд, балки таваҷҷуҳи низомӣ ва истихборотиро аз Афғонистон ба сӯи Ироқ кашонд ва ба Толибон фурсат дод, то дубора мунсаҷим шаванд ва ҷангро оғоз кунанд.

Валт афзоиши нерӯ дар соли 2009-ро иштибоҳи панҷуми ҷанги Амрико дар Афғонистон меҳисобад. Тасмиме, ки аз сӯи Барак Обама раиси ҷумҳури Амрико дар соли 2008 гирифта шуд.

Таъини маҳдудияти замонӣ, ба бовари оқои Валт, иштибоҳи шашуми ҷанг буд. Нависанда мегӯяд, ки Обама аз ҳамон аввал рӯшан сохта буд, ки афзоиши нерӯ дар Афғонистон муваққатӣ аст. Чизе, ки ба бовари Валт ба Толибон фурсати хубе дод, то дар мавриди замони оғози хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ фикр кунанд.

Нависандаи мақола мегӯяд, ки иштибоҳи ҳафтуми ҷанг ин буд, ки Амрико аз дипломатия кор гирифт ва тарафи муқобилро ҷиддӣ нашумурд. Валт мегӯяд, ки Амрико раванди сулҳоро ҷиддӣ нагирифт ва ҳангоме, ки аз мусолиҳа сухан гуфт, дер шуда буд.

Аз даст рафтани ҳимоят аз ҷанг, иштибоҳи ҳаштуми ҷанги Амрико дар Афғонистон буд. Валт мегӯяд, ки вақте Толибон аз супурдани Усома бин Лодин худдорӣ карданд, Амрико чорае ба ҷуз рафтан ба дунболи ӯ надошт. Нависанда мегӯяд, ки мардуми Амрико дар он замон бо иштиёқи зиёд аз ҷанг ҳимоят карданд. Вале на аз як ҷанги беинтиҳо, дар як кишвари нодор, ки дар феҳристи манофеи стратегии Амрико қарор надошт.

Нокомӣ дар мудирият кардани муттаҳидони саркаш, иштибоҳи нуҳуми ҷанг буд. Ба бовари Валт, пирӯзӣ дар ҷанги Афғонистон ба ин бастагӣ дошт, ки ҳадди ақал ду ҳукумат бояд нақшашонро дуруст бозӣ мекарданд, ки аввал худи ҳукумати Афғонистон буд. Валт ба ин бовар аст, ки ҳукумати Афғонистон муфсид ва ғайримуассир буд ва дар шунидани машваратҳои неки Амрико бисёр ҳам бетаваҷҷуҳ. Нависандаи ин мақола мегӯяд, ки дувумаш ҳукумати Покистон, ки ба шевае ҳимоят аз Толибонро идома дод ва гоҳе ҳам ба бар сари роҳи артиши Амрико монеаҳо эҷод кард.

Иштибоҳи даҳум аз назари нависандаи "Foreign Ploicy", стратегияи зидду нақизи Амрико буд. Валт мегӯяд, ҳарчанд бисёре аз сарбозони амрикоӣ бо маҳорат меразмиданд, аммо зидду нақиз будани стратегияи Амрико дар Афғонистон сабаб шуд, ки маъракаи низомии ин кишвар ҳаргиз ба таври комил ташхис дода нашавад ва роҳи ҳалле барои он пайдо нагардад.

Ин буд даҳ иштибоҳе буд, ки аз назари STEPHEN M. WALT баршумурда ва таҳлил шудааст. Аммо мақомҳои ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тасвири мусбатеро ҳам дар мавриди ҷанги он кишвар дар Афғонистон ироа кардаанд.

Ба гунаи мисол, рушди озодии баён, тақвияти расонаҳо, рафтани миллионҳо талаба ба шумули духтарон ба макотиб, нақши занон дар ҳукумат ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ, таваҷҷуҳ ба ҳуқуқи башар, ба хусус ҳуқуқи занон, бозсозӣ, омӯзиш ва тақвияти нерӯҳои амниятии Афғонистон ва ҳамчунон талош барои таъмини амният, аз мавориде ҳастанд, ки ба унвони дастовардҳои сездаҳ соли ҷанги Амрико дар Афғонистон шумурда мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG