Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилони парлумони Украина боз ба тавофуқ нарасиданд


Ҷиноҳҳои сиёсии парлумони Украина дар мавриди роҳандозии ислоҳоти Қонуни асосӣ ба созиш нарасиданд. Раиси Верховная Рада Владимир Рибак гуфт, ки тарҳҳои ин қонунҳо ҳанӯз таҳия нашудаанд. Раҳбари ҳизби мухолиф «УДАР» Виталий Кличко рӯзи сешанбе дар мулоқот бо раисиҷумҳур Виктор Янукович изҳор намуд, ки мухолифин барои баррасии тарҳи бозгашт ба Қонуни асосии соли 2004 пойфишорӣ мекунанд. Янукович дар посух гуфт, ки раванди вуруди тағйирот ба Қонуни асосӣ тақрибан ним сол тӯл хоҳад кашид.

Даҳ сол пеш дар Украина тарҳи Қонуни асосие пазируфта шуд, ки дар он бархе аз ваколатҳои раисиҷумҳур дар ихтиёри парлумон гузошта шуда буд. Аммо ин тарҳ 30 декабри соли 2010 аз сӯи Додгоҳи Қонуни асосӣ “ғайриконститутсионӣ” арзёбӣ гардид.

Ислоҳоти Қонуни асосӣ яке аз талабҳои аслии ширкатдорони намоишҳои эътирозӣ дар Киев аст. Намоишҳои ҷонибдорони ҳамгироии Украина бо Иттиҳодияи Аврупо аз моҳи декабри соли гузашта боз идома доранд.
XS
SM
MD
LG