Пайвандҳои дастрасӣ

Музокираи Исломобод ва Толибон ба таъхир уфтод


Ҳайати Таҳрики Толибон дар музокирот бо Исломобод

Ҳайати Таҳрики Толибон дар музокирот бо Исломобод

Мулоқоти ҳайати ҳукумати Покистон ва гурӯҳи “Таҳрики Толибон” ба хотири шурӯи музокироти сулҳ ба таъхир уфтод. Бар пояи хабарҳо, ин мулоқот, ки бояд рӯзи сешанбе баргузор мешуд, бо пешниҳоди ҳукумат ба рӯзҳои баъд гузошта шудааст.

Намояндаи Таҳрики Толибон Мавлоно Самиулҳақ гуфт, ба таъхир гузоштани ин нишаст баёнгари бархӯрди ҷиддии ҳукумати Исломобод ба мулоқот аст. Интизор мерафт, ки дар ин мулоқот масоили марбут ба баргузории музокироти сулҳ ба хотири хатми хушунат миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва толибон матраҳ шаванд.

Нахуствазири Покистон Навоз Шариф ҳафтаи гузашта дар ҳоле аз баргузории музокироти сулҳ бо Толибон пуштибонӣ кард, ки нерӯҳои ҳукуматӣ ба амалиёти нави низомӣ алайҳи толибон дар манотиқии ҳаммарз бо Афғонистон омодагӣ мегиранд.

Ба асари ҳамлаҳои ҷангиёни Таҳрики Толибони Покистон дар моҳи январ беш аз сад нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG