Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин муҷозот барои ифротгароиро шадидтар кард


Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин бо имзои тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонун муҷозот барои ҷиноёти марбут ба ифротгароиро шадидтар кард. Бар пояи тарҳи нави қонун, аз ҷумла, аз рӯи банди “даъват ба ифротгароӣ” ҷарима ба маблағи 300 ҳазор рубл ё чаҳор соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст. Қаблан аз рӯи ин банд 100 ҳазор рубл ҷарима ва то се соли маҳбас муқаррар шуда буд.

Ба навиштаи расонаҳои чопи Маскав, ба кор аз болои тағйиру иловаҳо ба қонун баъд аз ду ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Волгоград дар охири соли гузашта ва дар робита ба наздик омадани Бозиҳои олимпии зимистона дар шаҳри Сочӣ суръат бахшида шуд.
XS
SM
MD
LG