Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар манзили Ҳоффман ҳероин ошкор шудааст


Дар манзили ҳунарманди маъруф Филип Сеймур Ҳоффман дар Ню-Йорк даҳҳо бастаи хурд бо ҳероин ва сӯзандору ошкор гардид. Ҷасади ин ситораи синаморо рӯзи якшанбе дар манзилаш пайдо карданд. Ҳадс зада мешавад, ки Филип Ҳоффман бар асари истеъмоли аз ҳад зиёди маводи мухадир фавтидааст.

Дар бораи ошкор шудани маводи мухадир дар манзили ҳунарманд рӯзи сешанбе расонаҳои чопи Амрико хабар доданд. Ба навиштаи рӯзномаи New York Times, ҳероини ошкоршударо метавон ба осонӣ дар “бозори сиёҳ”-и хиёбонҳои Ню-Йорк харид. Қимати бастаи хурди ҳероин, ки дар манзили Ҳоффман ошкор шудааст, тақрибан 6 доллар аст. Нашрия гуфтаҳои полиси Ню-Йоркро меоварад, ки дастрасии осон ва арзонии ҳероин боиси афзоиши мӯътодон дар шаҳр шудааст.

Филип Сеймур Ҳоффман соли 2006 барои нақши асосӣ дар филми "Капоте" чанд ҷоиза, аз ҷумла, пайкараи тиллоии "Оскар"-ро соҳиб шуд ва соли 2012 барои иҷрои нақш дар филми "Устод" беҳтарин ҳунарманди Ҷашнвораи синамои Венетсия эълон гардид.
XS
SM
MD
LG