Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раиси нави ҷамъияти «Пайванд»


Субҳон Кошонов, мушовири собиқи президенти Тоҷикистон дар вазифаи раиси ҷамъияти «Пайванд» Исомиддин Салоҳиддиновро иваз кард. Парвона Ҷамшед, муовини раиси ҷамъияти «Пайванд» бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки имрӯз Субҳон Кошонов ҳамчун раиси ҷамъияти «Пайванд» расман ба фаъолият шурӯъ кард. Исомиддин Салоҳиддинов собиқ мушовири калони президент аз соли 2008 ба ин тараф масъулияти ҷамъияти фарҳангии «Пайванд»ро бар дӯш дошт. Анҷумани тоҷикон ва форсигӯёни ҷаҳон бо ташаббуси академик Муҳаммад Осимӣ 28 октябри соли 1989 таъсис шуда ва дар он ҷамъияти «Пайванд» бунёд гардид. Раҳбарии ҷамъияти "Пайванд"-ро пас аз Муҳаммад Осимӣ, донишмандони тоҷик Абдулқодир Маниёзов ва Камол Айнӣ ба дӯш доштанд. Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар солгарди нахустини истиқлоли Тоҷикистон, 9 сентябри соли 1992 - Анҷумани якуми тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон баргузор шуд. Тибқи иттилои ҷамъияти «Пайванд», феълан, дар кишварҳои мухталифи олам ҳудуди 40 миллион тоҷик ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG