Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе ҳаво бисёр сард мешавад


Ҳавошиносони тоҷик мегӯянд, мумкин аст, ҳарорат дар Душанбе ва навоҳии атрофи он то чанд рӯзи дигар то 17 дараҷа сард шавад.  Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон дар торнамои худ навиштааст, ки ҳарорат аз ҷумла дар Душанбе шаби 4 феврал аз 15 то 17 дараҷа сард мешавад ва рӯзона ҳаво нармтар хоҳад буд ва то 7 дараҷа сард мешавад. Дар ин рӯзҳо андаке барф ҳам меборад. Ҳаво дар Тоҷикистон дар охири ҳафта гармтар мешавад ва аз ҷумла дар Душанбе ҳарорат то 7 дараҷа зери сифр меравад.  Ҳаво дар шаҳри Хоруғ ва Қӯрғонтеппа баръакс ба ин ҳад сард намешавад. Дар Хуҷанд ҳам ҳарорат то 17 дараҷа зери сифр хоҳад рафт.
XS
SM
MD
LG