Пайвандҳои дастрасӣ

Карл Билдт ба Эрон сафар мекунад


Қарор аст, имрӯз Карл Билдт, вазири умури хориҷии Шветсия, бо як сафари чаҳоррӯза ва барои тақвияти созиши ҳастаӣ бо Ғарб ба Эрон сафар кунад. Эрик Зсига, сухангӯи дафтари вазир гуфтааст, ки ин боздид “як фурсат барои он аст, ки бо такя ба созиши муваққатӣ ба созиши доимӣ бирасем.“ Бар асоси созиши шашмоҳа, Эрон дар ивази сабук кардани таҳримоти иқтисодӣ, баъзе аз фаъолиятҳои атомиашро мутаввақиф мекунад. Ин созиш аз рӯзи 20 январ ҳукми иҷро гирифт. Карл Билдт ҳангоми сафараш ба Теҳрон дар блоги худ навиштааст, ки барои дастёбӣ ба ҳамкории бештар ва тағйирот саъй хоҳад кард. Ба навиштаи ӯ, бо вуҷуди ихтилофоти амиқи назар бо Эрон, огаҳии зиёде “аз аҳамияти кишвару эҳтиром ба фарҳангу суннатҳои қадимии он” вуҷуд дорад. Сафари Карл Билд аз шаҳри Исфаҳон шурӯъ мешавад, ки дар онҷо як таъсисоти ғанисозии ураниум вуҷуд дорад.
XS
SM
MD
LG