Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нисфи аз бекорони сабтиномшуда занон мебошанд


Оҷонсии омори Тоҷикистон шумораи бекорони дар соли гузашта сабтином шударо 55,7 ҳазор нафар арзёбӣ кард, ки нисфи онҳо занон мебошанд. Гулнора Ҳасанова, раҳбари оҷонсии омор, рӯзи 3-юми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, ки аз ин шумора 28,6 ҳазор ва ё 51 дарсадаш занон мебошанд.

Аммо масъулони вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ ахиран дар нишасти хабарии худ гуфта буданд, ки соли гузашта бештар аз 119 ҳазор шаҳрвандон ба ин вазорат муроҷиат кардаанд ва 71 ҳазори онҳо ҳамчун бекор ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамчунин ба гуфтаи Гулнора Ҳасанова музди миёнаи ҳармоҳа дар соли 2013 682 сомонӣ ё муодили 140 долларро ташкил дода, нисбат ба соли 2012 26,8 дарсад афзоиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG