Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар кинотеатри Пешовар 5 нафарро куштанд


Афроди номаълум дар шаҳри Пешовари Покистон ба дохили кинотеатре ду норинҷак партоб карда, дасти кам 5 нафарро кушта ва 30 тани дигарро маҷрӯҳ кардаанд. Ҳодиса шоми якшанбе рух додааст. Се нафар дар ҷойи ҳодиса ва ду нафари дигар дар шифохона ҷон додаанд. Касе масъулияти ҳамларо бар дӯш нагирифтааст. Пешовар, маркази маъмурии вилояти қабоилнишини Хайбар Пахтунхоҳи Покистон аст, ки дар он тундравони исломӣ фаъоланд.
XS
SM
MD
LG