Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия бачаҳои гаравгонро раҳо карданд


Вазорати умури дохилии Русия мегӯяд, фарди мусаллаҳе, ки як афсари пулисро кушт ва теъдоде аз муҳассилини як мактаби таҳсилоти ҳамагониро гаравгон гирифт, боздошт карданд. Як муҳассили синфи болоии мактабе дар ҳошияи шаҳри Маскав субҳи рӯзи душанбе бо туфанг вориди мактаб шуда, 20 донишандӯз ва як муаллимро гаравгон гирифт. Баъди ба маҳалли ҳодиса расидани маъмурони пулис, ҷавони мусаллаҳ ба сӯи онҳо тир андохта як нафарашонро кушт ва яке дигарро маҷрӯҳ кард. Ба гуфтаи вазорати умури дохилии Русия дар ин ҳодиса ҳеҷ яке аз бачаҳои мактаб осеб надидаанд. Сабабҳои гаравгонгирӣ маълум нест.
XS
SM
MD
LG