Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҷумҳури Украина ба кор бармегардад


Қарор аст, имрӯз Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Украина, баъд аз бемории кутоҳ ба кор баргардад. Виктор Янукович рӯзи панҷшанбе ба иллати бемории сармохурдагӣ рухсатӣ гирифт. Аммо ба гуфтаи мухолифони давлат, раиси ҷумҳур мехост, дар ин муддат барои эълони вазъи фавқуллода омодагӣ бигирад. Баъди онки раиси ҷумҳури Украина моҳи ноябр аз имзои аҳдномаи ҳампаймонӣ бо Иттиҳодияи Аврупо даст кашид, дар ин кишвар ҳар рӯз тазоҳурот сурат мегирад. Рӯзи якшанбе мухолифони давлат бо баргузории як тазоҳуроти азим дар шаҳри Киев ва дигар шаҳрҳои Украина хостанд, ки Виктор Янукович аз мақомаш истеъфо диҳад. Мақомоти расмӣ рӯзи якшанбе ҳамчунин ба Дмитро Булатов, яке аз мухолифони фаъоли давлат иҷоза доданд, барои муолиҷа ба Литва биравад. Булатов мегӯяд, ки афроди номаълум ӯро рабуда ва азияту шиканҷа кардаанд.
XS
SM
MD
LG