Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парванда алайҳи чиноиҳо барои саркашӣ аз пардохти андоз


Намое аз водии Зарафшон.
Намое аз водии Зарафшон.

Оҷонсии зидди фасод алайҳи масъулони ду ширкати чинӣ дар Тоҷикистон барои пинҳон доштани андоз дар ҳаҷми махсусан бузург ва саркашӣ аз пардохти он, тафтишоти пешакӣ оғоз намудааст.

Дафтари матбуоти Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон рӯзи 3-уми феврал ба радиои «Озодӣ» бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки раёсати ин ниҳод дар вилояти Суғд нисбати алайҳи директори Ширкати муштараки саноати куҳии Тоҷикистону Чин Чен Ин Сян ва сармуҳосиби ҳамин ширкат Ло Цзян Хуа барои пинҳон доштани андоз дар ҳаҷми махсусан бузург тибқи моддаи 292 Кодекси ҷиноӣ парванда боз намудааст.

Оҷонсии зидди фасод бо такя ба бозрасии фаъолияти сесолаи ин ширкат аз тарафи муфатишони Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд, ки натиҷаи тафтишот нишон додааст, ки аз соли 2010 то соли 2012 масъулони ин ширкат аз пардохти андоз саркашӣ намуда ва ҳудуди 13 миллиону 182 ҳазору 118 сомониро насупоридаанд. Кумитаи андози Тоҷикистон ин ширкатро дар ҳаҷми 17 миллону 431 ҳазор сомонӣ ҷарима баста ва бояд аз тариқи додгоҳ рӯёнида шавад.

Ҳамчунин Оҷонсии зидди фасод дар таърихи 28 январ алайҳи Директори кулли корхонаи муштараки “Зарафшон” Ли Фен, шаҳрванди Чин ва мудири молиявии он Лю Даоин, парванда боз кардааст, ки таи се соли гузашта аз моҳи январи соли 2010 то июли соли 2012 бо пешинҳоди эъломияҳои андоз бо маълумотҳои таҳрифшуда аз пардохти 3 миллиону 366 ҳазор сомонӣ саркашӣ кардааст.

Феълан Директори кулли корхонаи муштараки “Зарафшон” Ли Фен ва Лю Даоин бо банди моддаи 292 қисми-2 и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне пинҳон доштан ва саркашӣ кардан аз пардохти андоз дар ҳамҷми махсусан калон айбдор дониста мешавад.

Ширкати муштараки саноати куҳии Тоҷикистону Чин ва корхонаи муштараки тиллои «Зарафашон» дар қисмати шимоли Тоҷикистон фаъолият доранд. Корхонаи «Зарафшон» дар маҷмӯъ 2300 коргар дошта, солона то 1 тонна тило тавлид мекунад.
XS
SM
MD
LG