Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Яман шаҳрванди Олмонро рабудаанд


Дар Яман як шаҳрванди Олмон рабуда шудааст. Тавре ки расонаҳои хабарӣ гузориш додаанд, аъзои яке аз қабилаҳои маҳаллӣ бо ин одамрабоӣ мехоҳанд ду нафар аз хешовандони зиндонии худро раҳо кунанд.

Рӯзи якшанбе худи рабояндагон телефонӣ ба рӯзноманигорон хабар додаанд, ки як шаҳрванди Олмонро, ки тақрибан 60 сол дорад, дар шаҳри Санъо рӯзи ҷумъа гаравгон гирифтаанд.

Абубакр Кирбӣ-вазири корҳои хориҷаи Яман изҳор доштааст, ки ҳукумат барои раҳоии амни гаравгон тамоми имконотро ба харҷ медиҳад ва ҷинояткоронро ба сазои аъмолашон мерасонад. Вазорати корҳои хориҷаи Олмон мегӯяд, ки аз ин одамрабоӣ хабар дорад ва бо мақомоти расмии Яман барои раҳоии шаҳрвандаш ҳамкорӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG