Пайвандҳои дастрасӣ

Довутуғлу: Асад мардумро ба гуруснагӣ мебарад


Аҳмет Довутуғлу

Аҳмет Довутуғлу

Аҳмет Довутуғлу-вазири корҳои хориҷаи Туркия аз режими Димишқ интиқод кард, ки расонидани кӯмакҳои башарӣ ба аҳолии шаҳри Ҳумси Сурияро иҷоза намедиҳад. Артиш ин шаҳрро ба муҳосира гирифтааст.

Довутуғлу рӯзи якшанбе зимни суханони худ дар конфронси солонаи амниятии Аврупо дар Муних аз СММ хост, то фавран аз Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия даъват кунад, ки расондани кӯмакҳои башарии байналмиллалӣ, аз қабили маводди ғизоиро, ба нуқоти мухталифи Сурия иҷоза диҳад.

Довутуғлу ҳамчунин аз Шӯрои Амният хост, то аз Башор Асад даъват кунад, ки дар Сурия ҳукумати давраи гузор ташкил шавад.
XS
SM
MD
LG