Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷон Керрӣ бо вазири хориҷаи Эрон мулоқот кард


Ҷон Керрӣ

Ҷон Керрӣ

Рӯзи якшанбе дар Мунихи Олмон дар ҳошияи конфронси солонаи амниятӣ Ҷон Керрӣ ва Муҳаммад Ҷавод Зариф-вазирони корҳои хориҷаи Амрико ва Эрон бо ҳам мулоқот ва дастури рӯзи мулоқоти ояндаи Эрон бо шаш қудрати ҷаҳониро баррасӣ карданд. Бино ба суханони як манбаъ аз вазорати корҳои хориҷаи Амрико Ҷон Керрӣ ошкор гуфтааст, ки Амрико ҳамчунон бар идомаи таҳримҳои зидди Эрон таъкид хоҳад кард, дар ҳоле, ки музокирот роҷеъ ба такмили барномаҳои ҳастаии ин кишвар давом мекунад.

Дар охири моҳи ноябри соли гузашта Эрон дар музокирот бо намояндагони Британияву Чин, Фаронсаву Олмон ва Русияву Амрико дар ивази коҳиши таҳримҳо ризоят дод, ки ғанисозии уранро қаът мекунад ва бозрасони байналмиллалиро барои боздид аз таъсисоти ҳастаиаш иҷоза медиҳад.
Даври навбатии музокирот 18 феврал дар Вена дар назар гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG