Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Афғонистон маъракаҳои интихоботӣ оғоз ёфт


Насби маводи таблиғотӣ
Насби маводи таблиғотӣ
Рӯзи якшанбе дар Афғонистон ба таври расмӣ маъракаҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ оғоз шуд. Интихобот барои 5 апрел барномарезӣ шудааст ва номзадҳои раёсати ҷумҳурӣ барои ишғоли курсии Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури кунунӣ, ки ду давраи раёсаташ ба поён мерасад, мубориза хоҳанд кард.

Карзай аз соли 2001, яъне аз соли вуруди нируҳои Амрико ва эътилофи байналмиллалӣ ба Афғонистон ва шикасти Толибон дар Кобул раҳбарии ин кишварро бар уҳда дорад. Тибқи қонун Карзай ҳақ надорад бори севвум худро номзад пешбарӣ кунад. Ҳоло 11 нафар барои курсии раёсати ҷумҳурӣ мубориза мекунанд ва касе дар миёни онҳо бартарии мутлақ надорад.

Таҳлилгарон мегӯянд, ин интихобот барои ояндаи Афғонистон муҳим аст. Бори аввал бидуни кӯмаки мустақими хориҷӣ дар Афғонистон интихоботи мустақил баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG