Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Тоҷикистон бар Қирғизистон дар Ҷоми Иттиҳод


Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21) дар бозии охиринаш дар Ҷоми Иттиҳод-2014 бар тими Қирғизистон аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 4-2 пирӯз шуд (замони асосӣ – 1-1).

Ин бозӣ, ки барои гирифтани ҷойи 11-ум буд, шаби шанбе, 1-уми феврал, дар маҷмааи варзишию фарҳангии “Петербургский”-и шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба поён расид.

Нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби 1-0 ба фоидаи мунтахаби Қирғизистон хотима ёфт. Тӯбро нимҳимоятгар Мирбек Аҳмадалиев дар дақиқаи 22-юм ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон зад. Голи ҷавобиро Абдурасул Раҳмонов, нимҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон, дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 50-ум, аз ҷаримаи 11-метра ё пеналтӣ ба ҳадаф расонд. Дарвоқеъ, Абдурасул Раҳмонов бо 4 гол дар рӯйхати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқа баъди Руслан Болов (Русия, 5 гол, 2-тоаш аз пеналтӣ) ва Роман Муртазоев (Қазоқистон, 4 гол) дар ҷойи севум аст. Замони асосии ин бозӣ бо ҳисоби мусовии 1-1 поён ёфт. Аз рӯи силсилаи пеналтӣ мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо ҳисоби 4-2 ғолиб омад.

Ҷоми Иттиҳод-2014. Бозӣ барои ҷойи 11-ум
Қирғизистон- Тоҷикистон - 1:1(1:0), аз рӯи пеналтӣ - 2:4
Голҳо: Мирбек Аҳмадалиев, 22 (1:0). Абдурасул Раҳмонов, 50, пеналтӣ (1:1).
Қирғизистон: Оморов, Колбаев, Козубаев (капитан), Шаршеев (Талантбеков, 70), Талгат (Юсупов, 82), Сагинбоев (Мусобеков, 46), Таалайбеков (Откеев, 46), Карипов, Аҳмадалиев (Умаров, 78), Темирбоев (Жиргалбек, 46), Найдёнов.
Сармураббӣ: Анорбек Ормомбеков.

Тоҷикистон: Муъминҷон Гадойбоев, Хуршед Бекназаров, Алишер Шарифов, Бахтиёр Азимов, Наврӯз Рустамов (Фирӯз Раҳматов, 65), Фаридун Шарифов,Ҷаҳонгир Эргашев (капитан, Комрон Турсунов, 79), Саидхони Амрохон (Амирбек Ҷӯрабоев, 46), Абдулло Саидов, Ромиш Ҷалилов, Абдурасул Раҳмонов.
Сармураббӣ: Маҳмадҷон Ҳабибуллоев.

Огоҳонида шуданд: Карипов, 35, Шарифов, 74.

Бозигарони беҳтарин: Манас Карипов (Қирғизистон), Хуршед Бекназаров (Тоҷикистон).

Доварон: Роман Чернов, Андрей Болотенков, Александр Шимаригин.

1-уми феврали соли 2014, Санкт-Петербург, МВФ «Петербургский», 200 тамошобин.

Ёдовар мешавем, ки бозии футболбозони ҷавони тоҷику қирғиз дар гурӯҳи «А» 25-уми январ бо ҳисоби 2-2 ба охир расида буд. Ба ин тартиб, тими мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21) бо раҳбарии сармураббӣ Маҳмадҷон Ҳабибуллоев дар Ҷоми Иттиҳод-2014 дар байни 12 даста дар ҷойи 11-ум қарор гирифт ва танҳо аз тими Қирғизистон пеш гузашт. Футболбозони ҷавони тоҷик аз 5 бозӣ дутоашро бо тимҳои Эстония ва Қирғизистон бо ҳисоби якхелаи мусовии 2-2 анҷом дода, дар ду бозӣ аз дастаҳои Украина (1-4) ва Молдова (1-2) шикаст хӯрданд ва танҳо дар як бозӣ бар тими Қирғизистон аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 4-2 пирӯз шуданд (замони асосӣ – 1-1).

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21) соли гузашта дар Ҷоми Иттиҳод-2013 таҳти раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар ҷойи 8-ум қарор гирифта, аз тимҳои Қирғизистон, Эстония, Латвия ва Туркманистон пеш гузашта буд. Мунтахаби Тоҷикистон порсол ҳамагӣ 6 бозӣ анҷом дод: 2 ғалаба бар Эстония ва Латвия бо ҳисоби якхелаи 1:0 ва 4 бохт ба Беларус – 2:5, Литва - 1:1 (аз рӯи пеналтӣ - 2:4), Молдова – 1:3 ва Узбакистон – 0:2.

Дар бозии дигари Ҷоми Иттиҳод-2014, ки шаби 1-уми феврал баргузор шуд, мунтахаби ҷавонони шаҳри Маскав бар тими Молдова бо ҳисоби 2-1 ғалаба кард ва ҷойи 9-умро соҳиб шуд.

Натоиҷи бозиҳои ниманиҳоӣ:
Украина – Беларус – 1-0
Русия - Эстония - 3-0
Натоиҷи бозиҳо барои ҷойҳои 5-8-ум:
Санкт-Петербург - Литва – 0-0, аз рӯи пеналтӣ - 5-4
Қазоқистон - Латвия – 3-1
2-юми феврал, якшанбе
Бозӣ барои ҷойи 7-ум: Литва - Латвия (соати 12:00 ба вақти Душанбе); бозӣ барои ҷойи 5-ум: Қазоқистон - мунтахаби Санкт-Петербург (14:15); бозӣ барои ҷойи 3-юм: Беларус - Эстония (16:30); финал: Русия - Украина (20:00).
XS
SM
MD
LG