Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон нахустин бахши маблағи таҳримҳоро мегирад


Мақомоти Эрон мегӯянд, онҳо интизоранд, ки аз маблағҳои таҳримшуда, ки 4,2 миллиард долларро ташкил медиҳад, рӯзи шанбе 550 миллион доллари онро бигиранд. Ин маблағҳоро кишварҳои ғарбӣ барои барномаҳои ҳастаии Эрон муваққатан таҳрим карда буданд.

Мақомоти расмии Амрико гуфта буданд, ки ин маблағро Эрон то якӯми феврал бар асоси тавофуқоти моҳи ноябри шаш қудрати ҷаҳонӣ бо Эрон роҷеъ ба барномаҳои ҳастаӣ дарёфт хоҳанд кард.

Ин тавофуқот шаш моҳ эътибор дорад ва он аз 20 январ эътибор пайдо кард. Дар тавофуқт гуфта мешавад, ки агар Эрон ғанисозии урани худро нигоҳ дорад, маҳофили байналмиллалӣ таҳримҳоро сабуктар хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG