Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости Ҷон Керрӣ аз Лавров дар мавриди Сурия


Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико аз Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия хост, ки ба ҳукумати Сурия фишор орад, то силоҳи кимёвии худро аз Сурия берун бибарад. Ҷон Керрӣ ин нуктаро дар ҳошияи мулоқоти солонаи амниятии Мунихи Олмон дар мулоқоте ба Лавров гуфт.

Аммо Михаил Улянов-раиси бахши халъи силоҳ дар вазорати хориҷаи Русия гуфт, ки Сурия барои иҷрои ваъдаи худ дар мавриди нобудии аслиҳаи кимёвиаш бар асоси созишнома бо Амрико “аз роҳи дуруст” пеш меравад. Дар ин созишнома Маскав миёнҷигарӣ карда буд.

Русия пофишорӣ дорад, ки мӯҳлати нобудии аслиҳаи кимёвӣ то 30 июн барои режими Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия ҳамчунон ба эътибори худ боқӣ мондааст.

Аммо мақомоти СММ низ шикоят кардаанд, ки Димишқ барои нобудии ин аслиҳаи худ таъхир мекунад.
XS
SM
MD
LG