Пайвандҳои дастрасӣ

Расмуссен ва Лавров бо ҳам баҳс карданд


Андерс Фоғ Расмуссен

Андерс Фоғ Расмуссен

Андерс Фоғ Расмуссен-Дабири Кулли паймони НАТО ва Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия дар бораи сарнавишти ояндаи Украина ва сипари зиддимушакии НАТО бо якдигар баҳс карданд. Расмуссен рӯзи шанбе дар Муних дар Конфронси солонаи амниятӣ изҳор дошт, ки Украина барои таъйини сарнавишти ояндаи худ бояд мустақил бошад, вале Лавров сиёсатмадорони Аврупоро муттаҳам кард, ки онҳо барои ноором кардани Украина кӯмак мекунанд. Вай суол кард, ки “таҳрик кардани эътирозҳо барои ташвиқи демократия чӣ нақш дорад?”

Расммуссен гуфт, ки НАТО ва Русия ба ҷуз аз ҳамкориҳои стротегӣ барои баррасии имконоти худ бо ҳам мулоқот намекунанд. Вай афзуд, НАТО нигарон мешавад, вақте ки Маскав нақшаҳои сипари зиддимушакии НАТО-ро аслиҳаи таҳоҷумӣ ва барои Русия хатарнок арзёбӣ мекунад.

Лавров дар ҷавоб гуфт, “вақте ки сипари зидди мушкӣ бо шамшер як ҷо мешавад, бисёр иғвоангез хоҳад буд, ки ин гуна қудрати нави таҳоҷумии худро истифода барад”.
XS
SM
MD
LG