Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керрӣ бо раҳбарони мухолифони Украина мулоқот мекунад


Ҷон Керрӣ
Ҷон Керрӣ
Дар ҳоле, ки эътирозҳои мухолифони Украина идома дорад, қарор аст Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико бо раҳбарони мухолифони ин кишвар мулоқот кунад. Ин мулоқот дар ҳошияи конфронси амниятии Мунихи Олмон баргузор мешавад ва интизор меравад, ки дар он Арсений Ятсенюк ва Виталий Кличко ширкат варзанд. Ҳамчунин ба нақша гирифта шудааст, ки Ятсенюк дар Муних бо Кэтрин Эштон-масъули сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо мулоқот ва Виталий Кличко рӯзи шанбе дар як ҳамоиш суханронӣ кунад.

Ин музокирот дар ҳоле баргузор хоҳад шуд, ки як рӯз пеш артиши Украина аз Виктор Янукович-раиси ҷумҳур тақозо кард, то барои оддӣ сохтани вазъ “тадбирҳои фаврӣ” андешад ва ба бештар аз ду моҳи эътирозҳои сиёсӣ хотима диҳад.

Гузашта аз ин, мулоқотҳои Муних дар ҳоле баргузор мешавад, ки рӯзи ҷумъа Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико ба таври ошкоро эълон кард, ки аз мухолифони Украина ҷонибдорӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG