Пайвандҳои дастрасӣ

Як гурӯҳ занон субҳи рӯзи шанбе ба дафтари ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ҳамла бурдаанд. Аммо дари толори ҷаласаро баста дарёфтанд.

Ин ҳамлаи дувуми ин гурӯҳи занон ба дафтари ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) дар ду моҳи ахир мебошад.

Раҳматулло Зоиров, раиси ҲСДТ рӯзи 1-уми феврал дар сӯҳбат ба «Озодӣ» гуфт, ки ӯ воқеан соати 10-и имрӯз ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҲСДТ-ро таъйин карда буд, ки дар он бояд масъалаи навоварӣ дар сафи ҳизб баррасӣ мешуд. Ҷаноби Зоиров мегӯяд, ба ӯ маълум нест, ки ин занон дар мавриди рӯзи баргузории ин ҷаласа аз куҷо хабар ёфтанд. Чунки дар ин бора ба матбуот хабар дода нашуда буд.

Аммо Зоиров мегӯяд, ки ба сабаби беморияш ду рӯз қабл вай замони баргузории ин ҷаласаро ба вақти дигар гузаронида буд ва ҳоло дар як беморхонаи хусусӣ бистарӣ аст. Аммо ин занон тақрибан соати 9:00 дари хонаи Зоировро, ки ҳамзамон дафтари ҳизб ҳам ҳаст, мушту лагадкӯб карданд. Дар ин бора ба Зоиров ҳамсояҳояш хабар додаанд.

Зоиров мегӯяд, ки дар миёни ин гурӯҳи тақрибан даҳ нафараи занон, онҳое ҳам буданд, ки дар ҳамлаи қаблӣ ширкат карда буданд. Ин занон бо ҳамсояҳои ҷаноби Зоиров вориди муноқиша шуданд ва нагузоштаанд, ки онҳоро аксбардорӣ кунанд.

Аз ин қабл, дар таърихи 10-уми декабри соли гузашта қарор буд, нишасти матбуотии Раҳматулло Зоиров, раҳбари ҲСДТ бо занони фаъол дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук доир шавад, аммо ин мулоқот оғоз нашуда, як гурӯҳи занон вориди толор шуданд ва бо нидоҳои "мо дигар ҷанг намехоҳем, чун дар ҷанг шавҳару фарзандони худро аз даст додаем!" шиор сар доданд. Ин гурӯҳ Раҳматулло Зоировро ба бадгӯйиҳои зидди ҳукумати Тоҷикистон айбдор карданд.

Ин гурӯҳи занҳо мегуфтанд, аз тариқи Интернет аз нишасти хабарии Зоиров огоҳ шуда, довталабона ба инҷо омадаанд, то аз "сиёсати хирадмандона"-и президент Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ кунанд. Онҳо мегуфтанд, аз ҷониби кадом як ниҳоди давлатӣ дастур нагирифтаанд.

Ба дунболи ин ҳодиса Раҳматулло Зоиров бо ирсола як нома ба унвони вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов, хоҳиш карда буд, ки нишонаи занони «исёнгар»-ро пайдо кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG