Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ССКА «Помир» аз ширкат дар мусобиқаи лигаи олӣ даст мекашад?


Бошгоҳи футболи ССКА «Помир»-и Душанбе мумкин аст, ки аз ширкат дар мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ даст кашад.

Дар ин бора имрӯз, 31-уми январ, дар сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар дода шудааст. Дар ин хабар омадааст, «ба гуфтаи манбаи муътамад, раҳбарияти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар бораи азнавташкилкунии бошгоҳи футболи ССКА «Помир» ва ширкат накардани он дар чемпионати Тоҷикистон тасмим гирифтааст. Вале вазири мудофиа Шералӣ Мирзо ҳанӯз номаро дар бораи иштирок накардани даста дар чемпионати Тоҷикистон дар мавсими соли 2014 имзо накардааст.»

Фарҳод Раҳматуллоев, сардори Клуби марказии варзишии артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, ин масъаларо ба радиои Озодӣ чунин шарҳ дод: «Мо бояд то рӯзи 3-юми феврал ба номае, ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон гирифтем, дар бораи ширкат кардан ва ё ширкат накардани дастаи ССКА «Помир» дар чемпионати имсолаи кишвар ба таври хаттӣ посух бидиҳем. Мо хароҷоти дастаро дар мавсими соли 2014 ба раҳбарияти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон пешниҳод кардем. Бар асоси тасмими ФФТ бошгоҳи футболи лигаи олӣ барои он ки дар чемпионати кишвар роҳ дода шавад, дар суратҳисоби худ на камтар аз якуним миллион сомонӣ маблағ дошта бошад. Ба ғайр аз ин маблағи дархост барои ширкат дар мусобиқот 40 ҳазор сомонӣ мебошад. Ин маблағро бошгоҳҳо вазифадоранд, ки то рӯзи 3-юми март ба хазинаи Федератсияи футболи Тоҷикистон пардохт намоянд. Мактуби ҷавобии Вазорати мудофиа дар бораи ширкат кардан ё накардани даста дар мусобиқоти имсола то рӯзи 3-юми феврал ба ФФТ ирсол хоҳад шуд.”

Ёдовар мешавем, ки ССКА «Помир» солҳои 90-уми асри гузашта бо ибтикори Шералӣ Хайруллоев, вазири пешини мудофиаи Тоҷикистон, ки мухлиси ашаддии футбол аст, таъсис ёфта буд. Ин даста аввал СКА ПВО «Помир» ва аз соли 1998 СКА «Помир» ном дошт. Дар мавсими соли 2007 СКА «Помир» бо дастаи ССКА муттаҳид шуда, номи ССКА «Помир»-ро гирифт. Соли гузашта ин даста дар мусобиқаи қаҳрамонии кишвар байни дастаҳои лигаи олӣ дар ҷадвал дар зинаи пешазохирин ҷойгир шуд.

Ёдовар мешавем, ки мохи майи соли гузашта Ҳусейн Шодиев, сармураббии дастаи ССКА “Помир”, бо хоҳиши худ аз вазифааш истеъфо дода буд. Инчунин, бошгоҳи футболи ССКА “Помир” аз хидмати Зоир Бобоев ба ҳайси мураббии мушовир даст кашид.

Аз нимаи дувуми моҳи июли соли 2013 Абдуғаффор Юлдошеви 46-сола, собиқ бозигар ва мураббӣ- селексионери дастаи «Помир»-и Душанбе, сармураббии ССКА «Помир» таъин шуд. Инчунин ба вазифаи мураббии мушовири бошгоҳ Иштван Секечи 73-сола, собиқ сармураббии “Помир”, ки дар замони истиқлолияти Тоҷикистон дар бошгоҳҳои футболи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва ССКА «Помир»-и Душанбе дар вазифаи сармураббӣ кор кардааст,таъин гашт.

Вале ба гуфтаи Фарҳод Раҳматуллоев мӯҳлати қарордоди бошгоҳи ССKA “Помир” бо ин ду мутахассиси варзидаи футбол 31-уми декабри соли гузашта ба охир расид. Дар айни ҳол ҳимоятгар Раҳматулло Фузайлов капитан ва муваққатан иҷрокунандаи вазифаи сармураббии даста мебошад.
XS
SM
MD
LG