Пайвандҳои дастрасӣ

Як модари тоҷик бо се фарзанди хурдсолаш сӯхт


Як модари тоҷик дар шаҳри Душанбе бар сари худ ва се кӯдаки хурдсолаш бензин рехта оташ задааст. Бино ба гузоришҳо, Майдамоҳ Умарова, корманди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, дар бемористон ҷон додааст, вале табибон барои ҳифзи ҷони духтарони 9-моҳа, 5-сола ва 9-солаи ӯ мубориза мебаранд. Вазъи духтари калонии ӯро бисёр бад арзёбӣ мекунанд. Ҳамсоягони Майдамоҳ гуфтаанд, ки ӯ бо шавҳараш мушкил ва қарзи зиёде дошт. Аммо табибон гуфтанд, ки Майдамо Умарова тасодуфан маводи сӯхтро рехта ва сабаби оташ гирифтани хона шудааст.
XS
SM
MD
LG