Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Янукович хостанд, бӯҳронро фурӯ нишонад


Вазорати дифоъи Украина аз раиси ҷумҳур Виктор Янукович, хостааст, ки барои фурӯ нишондани бӯҳрони сиёсӣ дар кишвар “чораҳои фаврӣ” биандешад. Ба гуфтаи дафтари матбуоти вазорати дифоъи Украина, фармондеҳони артиш ва мақомоти вазорати дифоъи Украина мулоқот карда ва аз Виктор Янукович сарфармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи кишвар хостанд, “барои ба эътидол овардани авзоъ дар Украина ва расидан ба ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа дар чаҳорчӯби қонунҳои феълӣ” чораҳои фаврӣ биандешад. Вазорат ҳамчунин гуфтааст, ки ишғоли биноҳои ҳукуматӣ аз тарафи тазоҳургарон ғайриқобили қабул аст. Дар баёния омадааст, шиддат гирифтани муноқиша дар оянда, метавонад, барои тамомияти арзии Украина хатар эҷод кунад. Рӯзи панҷшанбе ва пештар аз ин баёния, Виктор Янукович гуфт, ки мақомоти расмӣ барои ҳалли муноқиша вазифаҳояшонро иҷро карданд, вале мухолифон ҳамчунон танишҳоро афзоиш медиҳанд. Янукович эътироф кард, ки мақомоти ба хатоҳое роҳ додаанд ва гуфтааст, ки ба орзуву омоли мардум таваҷҷӯҳи бештар хоҳад кард. Айни замон Виктор Янукович бемор буда ва барои муолиҷа рухсатӣ гирифтааст.
XS
SM
MD
LG