Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Водка" як қотили калонсолон дар Русия будааст


Бар асоси як пажӯҳише, ки маҷаллаи мӯътабари тиббии “Лансет” дар Бритониё нашр кардааст, истеъмоли водка яке аз “иллатҳои аслии хатари марги бармаҳали мардуми калонсол дар Русия аст”. Пажӯҳиши мазкур бо такя ба мусоҳибаҳои 151 ҳазор бузургсолони Русия таҳия шудааст, ки аз соли 1999 то соли 2008 сурат гирифтааст. Аз ин миён 8 ҳазор нафари онҳо фавтидаанд. Пажӯҳиш муайян кардааст, мардҳое, ки дар як ҳафта ду ва ё се шиша арақ мехӯранд, хатари бисёр бузурги марги бармаҳал таҳдид мекунад. Ба гуфтаи пажӯҳишгарон, баъди эҷоди маҳдудият дар фурӯши арақ дар Русия аз соли 2006, омор маргу мири камтарро нишон додааст. Соли 1980 дар замони шӯравӣ ҳам истеъмоли арақро маҳдуд карда ва барои муддате мизони маргу мир поин бурданд.
XS
SM
MD
LG