Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб рӯзи 2-юми феврал бо тими “Ал Ярмук”-и Яман рақобат мекунад.

Бозии қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон – «Равшан» дар плей-оффи Ҷоми АФК (Конфедератсияи футболи Осиё)-2014 бо тими «Ал Ярмук», қаҳрамони секаратаи Яман, дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки «Равшан» дар доираи омодагӣ ба бозӣ бо «Ал-Ярмук» дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии Душанбе се бозии санҷишӣ карда, дар ҳарсеаш ғолиб омад. Нахуст «Равшан» бар “Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби 4-0, дар бозии дувумаш бар ССКА “Помир”-и Душанбе бо ҳисоби 1-0 ва дар бозии севумаш бар “Энергетик”-и Душанбе бо ҳисоби 3-2 пирӯз шуд.

Ҷовидон Бобоев, сухангӯи бошгоҳи футболи “Равшан”, ба радиои Озодӣ гуфт, “се легионери африқоии даста аз Гана - Соломон Течи, Мӯсо Содиқ ва Аккуфо Гершон, ки дар таътил буданд, рӯзи 31-уми январ ба Тоҷикистон баргаштанд ва дар ҷамъомади таълимиву тамринии “Равшан”, ки дар шаҳри Турсунзода ҷараён дорад, ширкат меварзанд.”

Ба иттилои сухангӯи “Равшан”, дастаи “Ал-Ярмук» субҳи панҷшанбе, 30-юми январ, ба Душанбе омад ва дар айни ҳол меҳмонон дар меҳмонхонаи «Ширкент»-и шаҳри Турсунзода ҷой гирифтаанд.

Бозии «Равшан» бо «Ал Ярмук» рӯзи якшанбе, 2-юми феврал, дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода соати 13:00 шурӯъ мешавад. Нархи билет барои тамошои ин бозӣ 10 сомонӣ мебошад.

Ба бозии “Равшан” ва “Ал Ярмук” гурӯҳи доварон аз Малайзия бо раҳбарии ҳаками 27-сола Моҳд Амирул Изван Бин Ёқуб, ки аз соли 2012 довари ФИФА мебошад, хидмат мерасонад. Моҳд Сабрӣ Бин Мат Довуди 44-сола ва Азман Бин Исмоили 39-сола доварони марзи майдон мебошанд. Довари эҳтиётӣ Суҳайзӣ Бин Шукрии 34-сола таъин шудааст. Равишанкар Ҷаяраман аз Ҳиндустон комиссари ин бозӣ ва Масъуд Иноят аз Эрон нозири доваронанд.
Ба ҷуз бозии «Равшан» - «Ал Ярмук», рӯзи 2-юми феврал дар бозии дигари интихобӣ “Ал Дҳария»-и Фаластин дар майдони худ бо қаҳрамони Қирғизистон – дастаи «Олой»-и Ӯш вориди рақобат мешавад.

Бояд гуфт, ки дар мавриди ба марҳилаи гурӯҳӣ роҳ ёфтани дастаи «Равшан» рақибонаш бошгоҳҳои «Сувайк» ё «Саҳам»-и Умон, «Зат Рас»-и Урдун ва «Сафо»-и Лубнон мешаванд. Сабқати гурӯҳии Ҷоми АFC-2014 рӯзи 25-уми феврал оғоз меёбад ва то ин давра марҳилаи интихобӣ барпо мегардад.
Бояд тазаккур дод, “Равшан” барои бори дувум дар Ҷоми АФК ширкат меварзад. Соли гузашта “Равшан” дар сабқати гурӯҳи “D” ҳамаи 6 бозиро бохт ва бидуни имтиёз (таносуби тӯбҳояш - 2-17) дар зинаи охирин - 4-ум ҷойгир шуд. Натоиҷи бозиҳои “Равшан” бо “Ал Рамза” (Урдун) - 0:1, 0:5, “Ал Шорта” (Сурия) – 0:2, 1:3, “Ал Қудсия” (Кувайт) – 0:3, 1:3. Дар ин гурӯҳ тими “Ал Қудсия” бо 13 имтиёз мақоми аввалро касб карда, ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфта буд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG