Пайвандҳои дастрасӣ

Даври аввали гуфтугӯҳои Сурия поён меёбад


Қарор аст даври аввали гуфтугӯҳои тарафҳои даргири Сурия дар Женева рӯзи ҷумъа ба поён бирасад. Аммо аз ин гуфтугӯҳо пешрафте дар бораи таъсиси ҳукумати муваққат, поён додан ба ҷанг ва ирсоли кӯмакҳои башарӣ ба мардуми мӯҳтоҷ интизор надоранд. Намояндагони ҳукумати Башор Асад, раиси ҷумҳури Украина ва Шӯрои Миллии Сурия як гурӯҳи умдаи мухолифони давлат рӯзи панҷшанбе дар бораи омилони муноқиша баҳс карданд. Ахзар Иброҳимӣ, фиристодаи хоси Созмони Милал, ки дар гуфтугӯҳо миёнҷигарӣ мекунад, рӯзи ҷумъа ба хабарнигорон гуфтааст, ки “ду тараф мувофиқанд, ки терроризм як мушкили ҷиддӣ дар дохили Сурия аст, вале созише дар мавриди рафъи ин мушкил вуҷуд надорад.” Қарор аст, Ахзар Иброҳимӣ рӯзи ҷумъа эълон кунад, ки даври дуввуми гуфтугӯҳо баъди як ҳафтаи таннафус кай баргузор мешавад. Интизор меравад, дар ин байн Аҳмад Ҷарба, раҳбари мухолифони давлати Сурия, бо мақомоти Русия мулоқот кунад ва Ахзар Иброҳимӣ натиҷаҳои даври аввалро дар ҷараёни Нишасти Амниятии Мюнхен дар охири ҳамин ҳафта эълон кунад.
XS
SM
MD
LG