Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳургари бенишоншудаи украиниро пайдо карданд


Яке аз тазоҳургарони фаъоли зиддиҳукуматӣ дар Украина, ки ҳафтае пеш ғайб зад, дар рустое дар назди Киев пайдо шуд ва мегӯяд, ки ӯро афроди ношиносе рабуда ва латукӯб кардаанд. Ба гуфтаи Дмитро Булатов, ин афрод лаҳни русӣ доштанд. Дмитро Булатов, ки сухангӯи тазоҳургарони бо номи Автомайдон аст, рӯзи 23 январ бенишон шуд. Ба гузориши бахши украинии Радиои Озодӣ, Булатовро рӯзи панҷшанбе барои муолиҷаи гӯши дарида ва захмҳои амиқи дасташ ба шифохоани Киев бурдаанд. Дмитро Булатов гуфтааст, ки одамрабоён, мисле, ки ба салиб мекашанд, ӯро аз дасту пояш овехтаанд ва баъди азияту шиканҷа ба мошине андохта дар канораи шаҳр поинаш карданд. Ба қавли Булатов, ӯ худаш ба рустое расида ва аз онҷо ба дӯстонаш занг задааст, то омада ӯро ба Киев баранд.
XS
SM
MD
LG