Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии санҷишӣ бар тими «Хайр»-и Ваҳдат бо ҳисоби 2-0 ғалаба кард.

Ин бозии санҷишӣ дар доираи омодагии дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон ба мавсими нави футбол рӯзи 30-юми январ дар Душанбе, дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, барпо гардид.

Ҳарду гол дар нимаи аввали бозӣ зада шуд. Нимҳимоятгар Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаи 4-ум ҳисобро боз кард. Голи дувумро Нуриддин Давронов дар дақиқаи 21-ум ба ҳадаф расонд.

«Истиқлол» - «Хайр» - 2:0
Голҳо: Фатҳулло Фатҳуллоев, 4 (1:0). Нуриддин Давронов, 21 (2:0).

«Истиқлол»: Алишер Тӯйчиев (Силванус Эванс, 65), Эраҷ Раҷабов (Наим Улмасов, 46), Ҷаҳонгир Эргашев (Аҳтам Назаров, 46), Дэвид Мауто, Сиёвуш Асроров, Фатҳулло Фатҳуллоев (Алишер Сафаров, 82), Виллер Соуза Оливейра, Нуриддин Давронов, Дилшод Восиев, Комил Саидов (Сиёвуш Мӯҳсинов, 82), Жосимар Насименто (Хуршед Маҳмудов, 46).

«Хайр»: Худододагӣ Абдураҳмонов (Азим Қараев, 70), Идибек Ҳабибуллоев, Комрони Мирзохон, Алишер Улмасов, Маҳмадлоиқ Нуриддинов, Мирзобек Мирзоев, Маҳмадалӣ Содиқов, Иброҳим Рабимов (Фарҳод Зоиров, 46), Мӯҳсин Абдуғаффоров (Фазлиддин Сафаров, 46), Фирӯз Шамсиев (Ҳамроев, 65), Парвиз Ҳамидов.

Сардовар: Сайёд Зайниддинов (Душанбе).
3-юми январ. Душанбе. Майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 600 тамошобин.

Ёдовар мешавем, ки «Истиқлол» дар бозии аввали санҷишӣ аз ССКА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 1-2 мағлуб шуда, бозии дувумашро бо «Энергетик»-и Душанбе бо ҳисоби 3-3 анҷом дода буд. Дастаи «Хайр» бошад, дар бозии аввали санҷишиаш аз тими «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби бузурги 0-4 шикаст хӯрда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG