Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як муҳоҷири тоҷикро бародараш куштааст


Дар натиҷаи як муноқиша миёни ду муҳоҷири тоҷик, ки гуфта мешавад ҳарду бародар будаанд, яке аз онҳо ба ҳалокат расидааст. Тавре Кумитаи тафтишотии Русия, рӯзи 31-уми январ хабар дод, ин ҳодиса рӯзи 30-юми январ рух додааст. Ба гуфтаи мақомоти Русия, Ҳусейн Сафаров бо гумони қатли бародари 19-солаи худ дастгир шудааст. Мақомоти қудратии Маскав гуфтаанд, ин ду бародар, ки дугоник будаанд, дар хобгоҳи умумӣ дар як ҳуҷра зиндагӣ мекардаанд ва миёни онҳо муноқишаи лафзӣ рух додаст, ки яке аз онҳо бо корд ба қафаси синаи дигар мезанад ва дувумӣ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Ин ду муҳоҷири тоҷик дар ноҳияи Хорошеви Маскав дар кӯчаи 1-уми Магистралная бинои 25, зиндагӣ ва ба фаррошӣ машғул будаанд. Пулиси Маскав гуфтааст, ки аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи 105-и кодекси ҷиноии Русия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва шахси қотил ҳоло дар боздоштгоҳи пулис қарор дорад.
XS
SM
MD
LG