Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се медали муштзанҳои ҷавони тоҷик дар қаҳрамонии Осиё


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё байни ҷавонон як медали нуқра ва ду нишони биринҷӣ ба даст оварданд .

Ин мусобиқаи қитъавии муштзанҳои солҳои таваллудашон 1996-1997 дар пойтахти Тайланд – Бангкок баргузор шуд.

Шаббос Неъматуллоев дар рақобатҳо дар вазни то 69 кг барои ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтан бар Ши-Эн Мэй аз Тайван аз рӯи имтиёз бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад. Баъдан ӯ дар нимфинал бар Маеҷит аз Ҳиндустон дастболо шуд. Вале муштзани ҷавони тоҷик дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Бектемир Мелиқузиеви узбак шикаст хӯрд ва дар натиҷа мақоми дувумро касб карда, бо медали нуқра сарфароз гашт.

Ду намояндаи дигари Тоҷикистон - Меҳрубон Сангинов дар вазни то 75 кг ва Далерҷон Сулаймонов дар вазни беш аз 91 кг барандагони медалҳои биринҷӣ шуданд.
XS
SM
MD
LG