Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ҳуввияти маргталабонро ошкор кард


Мақомоти Русия мегӯянд, ҳуввияти ду бомбгузори маргталабро мушаххас карданд, ки моҳи гузашта бо ҳамла дар шаҳри Волгоград, 34 нафарро куштанд. Кумитаи Миллии Зиддитеррористии Русия рӯзи панҷшанбе ҳамчунин гуфт, ки ду шарики бомбгузоронро дастгир кардаанд. Ба гуфтаи кумита, ин маргталабон Аскар Самадов ва Сулаймон Магомедов аъзои як гурӯҳи террористӣ аз Доғистон будаанд. Мақомот мегӯянд, ҳуввияти ҳарду маргталабро баъди муддати кӯтоҳе аз ҳамла маълум карданд, вале ба “сабабҳои амниятӣ” нагуфтанд. Шарикони ҳамлаварон бародарон Магомеднабӣ ва Тагир Батировро рӯзи чаҳоршанбе дар Доғистон дастгир карданд. Ҳамла дар истгоҳи роҳи оҳани Волгоград ва як троллейбус дар ин шаҳр нигарониҳо аз таъмини амният дар бозиҳои олимпии Сочиро барангехт, ки ҳафтаи оянда шурӯъ мешавад.
XS
SM
MD
LG