Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифони Украина пешниҳоди порлумонро напазируфтанд


Пешвоёни мухолифони давлати Украина, қонуни пешниҳодии порлумон дар бораи авфи тазоҳургарони боздоштшударо напазируфтанд, ки як шарти аслии иҷрои он холӣ кардани биноҳоест, ки тазоҳургарон ишғол кардаанд. Виталий Кличко, пешвои мухолифон гуфт, санади мазкур ба ҷойи коҳиш додани шиддат, баръакс авзоъро доғтар хоҳад кард. Ба қавли Виталий Кличко қонуни пешниҳодии вакилон ба ҳукумат имкон медиҳад, ки тазоҳургарони боздоштшударо ҳамчун “гаравгон” нигаҳ дорад: "Мо мутмаинем, ки ин қонун мисли дигар қонунҳо ба манфиати мардум нест. Онҳо мисли роҳзанҳои Сомали рафтор карданд, ки аввал касеро гаравгон мегиранд ва сипас дар ивази чизе озод мекунанд."
Тазоҳургарони зиддиҳукуматӣ ҳам қонунро нокофӣ хонданд. Ва дигар ин ки мақомоти расмӣ гуфтанд, ки Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Украина сармо хӯрдааст ва ҳоло барои табобат рухсат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG