Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нуралӣ Тоҳир дар Маскав аз сараш ду тир хӯрдааст


Сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, шахсияти тоҷики 38-солаеро ки дар яке аз қаҳвахонаҳои Маскав захмӣ шуд, мушаххас кардааст. Нуралӣ Тоҳир, соли таваллудаш 1975, сокини ноҳияи Рӯдакӣ дар қаҳвахонаи "У Михалйлича" дар шарқи пойтахти Русия ба ҳайси муҳофиз кор мекардааст. Сафорат мегӯяд, яке аз муштариён ба сари Нуралӣ Тоҳир ду дафъа аз силоҳи травматикӣ тир андохтааст ва ӯ ҳоло бо ҷароҳати бози мағзу косахонаи сар ва устухони шикастаи чаккаи сар дар вазнинхонаи бемористони рақами 36-и Маскав қарор дорад. Табибон вазъи ӯро сангин хондаанд. Сафорат мегӯяд, ки сафир Абдулмаҷид Достиев бо шунидани ин хабар билофосила ба кормандони консулгарии Тоҷикистон амр дод, ки ба ҷои ҳодиса раванд. Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон ба Озодӣ хабар дод, ки дар қиболи ин қазия пврвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ӯ мегӯяд, сафорат ҷараёни тафтишотро зери назорат хоҳад гирифт ва ҳамчунин дастур гирифтааст, ки ба шаҳрванди тоҷик Нуралии Тоҳир тамоми кумаки лозимро бирасонад.
XS
SM
MD
LG