Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Ироқ фармондеҳи тундравонро куштанд


Мақомоти амниятии Ироқ мегӯянд, як фармондеҳи гурӯҳи тундравони суннимазҳабро куштанд, ки манотиқи ғарбии вилояти Анборро дар даст доранд. Ба гузориши бахши ироқии Радиои Озодӣ, Абуоиша ал-Саудӣ, ки “вазири” Давлати Исломии Ироқ ва Левант, як созмони шарики Ал-Қоида буд, бо се шарику ҳамватани дигараш аз Арабистони Саудӣ дар маҳаллаи Албу Фараҷ кушта шуданд. Мақомоти амниятии Ироқ дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе хабар доданд ва ҳамчунин гуфтанд, ки дар мубориза алайҳи тундравон дар Албу Фараҷ воқеъ дар наздикии шаҳри Рамодӣ пешрафт кардаанд. Рамодӣ маркази маъмурии вилояти Анбор аст. Нерӯҳои амниятии Ироқ ҳамчунин тундравонро дар шаҳри Фалуҷҷа муҳосира кардаанд, вале ҳоло барои ҳамла ба дохили шаҳр тасмим нагирифтаанд.
XS
SM
MD
LG