Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокирот дар бораи Сурия идома мекунад


Дар шаҳри Женева, гуфтугӯи намояндагони ҳукумати Сурия ва мухолифони онҳо идома мекунад. Ахзар Иброҳимӣ, фиристодаи хоси Созмони Милал, рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ки дар ин музокирот “ях ба оҳистагӣ мешиканад”, вале афзуд, ки аз ду рӯзи ахири ин музокирот ҳеҷ натиҷаи “бузурге” интизор набояд шуд. Ин даври музокирот рӯзи ҷумъа хотима меёбад. Мухолифон ва намояндагони ҳукумати Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия гуфтанд, ки дар музокирот пешрафти андаке ҳосил шудааст. Ҳарду тараф гуфтанд, ки эъломияи байналмилалӣ дар бораи Сурияро баррасӣ мекунанд, ки соли 2012 қудратҳои ҷаҳонӣ қабул карданд. Дар эъломия роҳҳои хотима додан ба ҷанг ва таъсиси ҳукумати муваққат то замони баргузории интихобот пешниҳод шудааст. Мухолифони давлати Сурия мегӯянд, ки дар ҳукумати муваққат набояд Башор Асад ҳузур дошта бошад, аммо ҳукумат мегӯяд, ки ӯ истеъфо нахоҳад дод.
XS
SM
MD
LG