Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се муштзани тоҷик дар қаҳрамонии Осиё бо медалҳо сарфароз мешаванд


Се варзишгари тоҷик ба даври ниманиҳоии мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё байни ҷавонон роҳ ёфт.

Ин мусобиқаи қитъавӣ дар пойтахти Тайланд – Бангкок ҷараён дорад. Муштзанҳои ҷавони тоҷик - Шаббос Неъматуллоев, Меҳрубон Сангинов ва Далерҷон Сулаймонов, ки ба нимфинал баромаданд, ҳадди ақал бо медалҳои биринҷии мусобиқа мукофотонида мешаванд.

Шаббос Неъматуллоев дар рақобатҳо дар вазни то 69 кг барои ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтан бар Ши-Эн Мэй аз Тайван аз рӯи имтиёз бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад. Шаббос дар нимфинал бо Маеҷит аз Ҳиндустон рақобат мекунад.

Меҳрубон Сангинов дар вазни то 75 кг дар даври аввал бар намояндаи дастаи мизбон - Саун Пунгпун аз Тайланд дастболо шуд. Рақиби Меҳрубон низ дар даври ниманиҳоӣ муштзани Ҳиндустон Нил Камол Сингх мебошад.

Ба муштзани дигари тоҷик Далерҷон Сулаймонов дар вазни то 91 кг барои ба финал баромадан зарур аст, ки бар Тони Атталлоҳ аз Сурия пирӯз шавад.

Мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё байни ҷавонон, ки дар Бангкок 24-уми январ шурӯъ шуда буд, 31-уми январ ба анҷом мерасад. Ширкаткунандагони ин мусобиқа - варзишгарони солҳои таваллудашон 1996-1997 - барои 10 маҷмӯи медалҳо мубориза мебаранд. Қувваозмоиҳои ниҳоӣ рӯзи ҷумъа баргузор мешаванд.
XS
SM
MD
LG