Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли гузашта 81% шаҳрвандон аз хориҷи кишвар баргаштаанд


Дар 12 моҳи соли 2013 аз Тоҷикистон 964 545 нафар шаҳрвандон ба хориҷа сафар намуданд, ки нисбати соли қаблӣ 87210 зиёд аст. Аз ин ҳисоб мардҳо 806 564 нафар, ё 83,7% ва занҳо – 157 981 нафар ё 16,3%-ро ташкил медиҳанд.

Абдулло Қодирӣ, сухангӯи хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи 29-уми январ ба радиои Озодӣ гуфт, ки аз ин ҳисоб 799 698 нафари онҳо ё 83% муҳоҷирони меҳнатӣ буда, мардҳо – 698 823 нафар (87,5%) ва занҳо – 100 875 (12,5%) нафарро ташкил медиҳад.

Аз рӯи омори хадамоти муҳоҷират маълум мешавад, ки аксари шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Дар давоми соли гузашта 788 496 нафар шаҳрвандон ба ин кишвар сафар кардаанд. Дар ҷои дувум шаҳрвандони Тоҷикистон ба Қазоқистон аз ҳама беш ба муҳоҷирати меҳнатӣ мерафатаанд, ки дар 12 моҳи соли гузашта 8613 нафарро ташкил мекунад.

Ҳамчунин дар ин муддат ба кишварҳои хориҷи дур 2054 нафар шаҳрвандон сафар кардаанд.

Абдулло Қодирӣ афзуд, ки дар ин муддат 781 715 нафар ё 81% шаҳрвандон аз хориҷи кишвар ба ватан баргаштаанд.
XS
SM
MD
LG