Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озариҳо марзшикани арманиро боздошт кардаанд


Вазорати дифои Озарбойҷон мегӯяд, ки як марзшикани Арманистонро боздошт кардаанд. Дар эъломияе, ки шоми рӯзи сешанбе ба нашр расид, вазорат гуфтааст, ки байни нируҳои Озарбойҷон ва марзшиканҳо дар имтидоди марзи ду кишвар тирандозӣ сурат гирифтааст.

Дар эъломия омадааст, ки раҳбалади ин гурӯҳ Мамико Хоҷаиёни 65 сола боздошт шудааст. Вай мусаллаҳ будааст ва тир хӯрдааст.

Ин эъломия замоне пахш мешавад, ки вазъ барои минтақаи ҷудоихоҳи Қарабоғи Кӯҳистонӣ ташдид ёфтааст. Дар давоми даҳ рӯзи охир дар минтақаи баҳсбарангези ҷудоихоҳ, ки ба таври расмӣ мавриди эътирофи ҷонибҳо қарор нагирифтааст, ду сарбози озарбойҷонӣ ва ду сарбози минтақаи баҳсбарангез кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG