Пайвандҳои дастрасӣ

Амнестӣ мегӯяд, вазъи Каризов дар зиндон бад шудааст


Amnesty International ё Созмони Афви Байналмиллал мегӯяд, ба як мақоми расмии пешини Туркманистон, ки солҳо дар зиндон ба сар мебарад, иҷоза надодаанд, ки кӯмаки фаврии тиббӣ бигирад. Дар эъломияе, ки рӯзи сешанбе ба нашр расид, Amnesty International гуфт, ба сабаби нороҳатиҳои тиббӣ, аз қабили фишори хун, бемории қалб ва амсоли он вазъи саломатии Гелдӣ Каризови 63 сола-раиси пешини ширкати давлатии асппарварии Туркманистон бад шудааст. Вай барои суистифода аз мақом 5,5 сол маҳкум ба зиндон шуда буд.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки мақомоти амниятӣ ба Каризов иҷоза надодаанд ба бемористон равад. Amnesty International мегӯяд, ҳаёти Каризов метавонад ба хатар мувоҷеҳ шавад, агар вай кӯмаки фаврии тиббӣ нагирад.

Вай наметавонад дар хориҷ аз кишвар низ кӯмаки тиббӣ дарёфт кунад, зеро вай ва аъзои хонаводааш ҳаққи сафар ба хориҷ надоранд.
XS
SM
MD
LG