Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама барои қишри миёна имконот мехоҳад


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико бо истифода аз паёми солонаи давлатии худ гуфт, ки вай барои коҳиш додани халои миёни сарватманду фақир ба қавли худаш “пешниҳодҳои мушаххасу сиёсӣ” эълон мекунад.

Обама шоми рӯзи сешанбе дар ин суханронӣ гуфт, вай бо сарфи назар аз саддгузориҳои Конгресси Амрико “дар ҳар ҷо ва ҳар вақт бидуни марҳилаҳои қонунгузорӣ” ба хотири тавсеаи имконоти иқтисодӣ барои табақаи миёнаи хонаводаҳои Амрико бо истифода аз тавони худ қадамҳое хоҳад бардошт.

Вале Обама изҳор дошт, ки мехоҳад бо қонунгузорон кор кунад, то рушди иқтисодӣ суръат бигирад ва имконот дар бахшҳои зарурии қонунгузорӣ бештар гардад. Вай гуфт, ки Амрико наметавонад дар як ҷо беҳаракат бимонад ва худи вай ҳам.
XS
SM
MD
LG