Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порламони Украина афвро баррасӣ мекунад


Интизор меравад, ки намояндагони порламони Украина рӯзи чаҳоршанбе имкони афви шумораи зиёди эътирозгарони зиддиҳукуматиро баррасӣ кунанд. Ин дар ҳолест, ки мақомоти расмии Иттиҳодияи Аврупо аз Киев боздид ва дар ҳали бӯҳрони Украина миёнҷигарӣ мекунанд.

Виктор Янукович-раиси ҷумҳур истеъфои ҳукуматро пазируфт ва порламон қонуни зиддитазоҳуротро, ки ду ҳафта пеш ба тасвиб расида буд, бекор эълон кард. Янукович гуфтааст, афв танҳо замоне имконпазир хоҳад буд, ки агар эътирозгарон кӯчаву хиёбонҳо ва биноҳоро холӣ кунанд. Вале то ҳол ин дархостро мухолифон рад кардаанд.

Аз сӯи дигар, баъд аз интиқоди Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия дар мулоқот бо Иттиҳодияи Аврупо Кэтрин Эштон-масъули сиёсати хориҷа ва Стефан Фуле-кумиссари тавеаи Иттиҳодияи Аврупо аз Киев боздид мекунанд. Рӯзи сешанбе Путин дар ин мулоқот гуфт, мақомоти расмии Иттиҳодияи Аврупо бо мудохилаи сиёсӣ норизоятиҳои Украинаро доман мезананд.
XS
SM
MD
LG