Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳтам Ҳамроқулов, ҳамлагари дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, бо бошгоҳи АЗАЛ-и Боку ба мӯҳлати дуним сол қарордод баст.

Ин футболбози тоҷик, ки се соли ахир дар дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бозӣ мекард, аз 10-уми январ дар бошгоҳи АЗАЛ дар санҷиш буд. Вай дар панҷ бозии санҷишии ин даста ширкат карда, дар як бозӣ се гол ва дар бозии дигар ду гол задааст. Дар айни ҳол бошгоҳи АЗАЛ, ки соли 1996 таъсис ёфтааст, дар мусобиқоти қаҳрамонии Озарбойҷон дар байни даҳ даста дар ҷойи ҳафтум қарор дорад.

Аҳтам Ҳамроқулов, ки шогирди мактаби футболи шаҳри Қӯрғонтеппа мебошад, соли 2005 дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дар ҳайати «Вахш» бо 11 гол беҳтарин нишонзани мусобиқот гардидааст. Фардо, 30-юми январ, Аҳтам 26-сола мешавад. Ба ҷуз «Вахш» вай дар дастаҳои «Сафарбек Каримов» (Хуросон), «Машъал» (Узбакистон) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) бозӣ кардааст. Ӯ дар дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон 9 бозӣ анҷом дода, се гол задааст.

Давронҷон Эргашев

Давронҷон Эргашев

Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш Давронҷон Эргашев, ҳимоятгари мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, бо бошгоҳи «Габала»-и Озарбойҷон қарордод баста буд. Ба бошгоҳи «Габала», ки яке аз пешсафони мусобиқоти премйер-лигаи Озарбойҷон аст, мутахассиси маъруфи футбол Юрий Сёмин, собиқ сармураббии дастаи «Помир»-и Душанбе, раҳбарӣ мекунад. Ёвари Сёмин шогирди ӯ Юрий Батуренко, собиқ нимҳимоятгари «Помир», мебошад.

Футболбози тоҷик Давронҷон Эргашев дар мусоҳиба бо расонаҳои хабарии Озарбойҷон гуфтааст, ки қарордоди ӯ бо бошгоҳи «Габала» то охири мавсими имсола баста шудааст.

Давронҷон Эргашеви 25-сола, ки зодаи ноҳияи Ашти Тоҷикистон аст, пештар дар дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд, аз моҳи январи соли 2011-ум дар тими «Истиқлол»-и Душанбе, мавсими гузашта дар бошгоҳи «Жетису»-и Талдиқӯрғони Қазоқистон бозӣ мекард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG