Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Файзӣ: "Амрико аз ҷараёни сулҳ ҳимоят намекунад"


Сухангӯи Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, Иёлоти Муттаҳидаро ба он муттаҳам кард, ки аз ҷараёни сулҳ дар ин кишвар ҳимоят намекунад. Эмал Файзӣ, рӯзи сешанбе гуфт, ҳукумати Афғонистон аз Амрико мехоҳад, «расман эълон кунад, ки натавонистааст, ҷараёни сулҳ дар Афғонистонро оғоз бахшад.» Ӯ афзуд, ҳукумати Амрико бояд барои расидан ба сулҳ дар Афғонистон ба Покистону Толибон бештар фишор биёрад. Баёнияи Эмал Файзӣ баъди нашри як мақолаи рӯзномаи «Вашингтон Пост» садо дод, ки дар он гуфта мешавад, ба эътиқоди Ҳомиди Карзай дар пушти баъзе аз ҳамлаҳо дар Афғонистон, ки кори дасти ситезаҷӯён дониста мешавад, Амрико истодааст. Ба навиштаи рӯзнома, ҳамин шакку шубҳаҳои Ҳомиди Карзай, яке аз омилҳои имзо накардани паймони дуҷонибаи амниятӣ бо Амрикост. Эмал Файзӣ дар шарҳи ин гузориш гуфт, ки «чанд дасти хориҷӣ» дар ноамнӣ дар Афғонистон дахиланд ва саъй мекунанд, ки ба амнияти Афғонистон садама зада ва ҷомеаро гумроҳ кунанд.
XS
SM
MD
LG