Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни ҷанҷолии Украина беэътибор шуд


Порлумони Украина дар як ҳаракате барои хотима додан ба тазоҳуроти зиддиҳукуматии думоҳа дар кишвар, қонуни баҳсбарангез дар бораи мамнӯъ кардани гирдиҳамоиҳоро беэътибор кард. Аз миёни 412 вакили порлумон 361 нафари онҳо барои лағви ин қонун раъй додаанд. Қабули санади мазкур дар аввали ҳамин моҳ, сабаби тазоҳуроти хушунатомез дар шаҳри Киев шуд. Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Украина, рӯзи душанбе баъди мулоқот бо раҳбарони мухолифон ваъда дод, ки ин қонунро беэътибор хоҳад кард. Пештар аз ин нишаст, Микола Азаров, нахуствазири Украина ва яке аз муттаҳидони содиқи муттаҳидони содиқи Янукович аз мақомаш истеъфо дод. Нахуствазири Украина гуфт, ки барои ҳалли мусолиматомези бӯҳрон дар Украина аз мақомаш меравад. Раиси ҷумҳур Янукович ҳам барои ҳалли бӯҳрон мақоми нахуствазирро ба Арсений Ятсенюк пешниҳод кард, аммо ӯ ин пешниҳодро напазируфт.
XS
SM
MD
LG