Пайвандҳои дастрасӣ

Куштори мудҳиш дар Суғд


Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ки куштори мудҳишеро дар вилояти Суғд ошкор кардаанд. Ба иттилои торнамои вазорати умури дохилии Тоҷикистон, маъмурони пулис дар деҳаи Охтангии ҷамоати деҳоти Шаҳристон ҷасади Мақсуда Кузиева, сокини шаҳри Истаравшанро аз зери ҷуйбори оҳанию бетонӣ бо аломатҳои марги маҷбурӣ ва дар ҳолати сӯзонида шуда пайдо кардаанд. Ба дунболи тафтиш мақомоти пулис ошкор шудааст, ки Эҳроми Бозор, соли таваллудаш 1991 бо ҳамроҳии Азимбоев Аслон Асрорҷонович соли таваллудаш 1991 ва Алиқулов Илҳом Эҳромович, соли таваллудаш 1989, сокинони шаҳри Истаравшан, шаҳрванд Кузиева Мақсударо бо автомашинаи тамғаи «Опел-Зефира» савор намуда, бо мақсади куштор ӯро ба ҳудуди деҳаи Охтангии ҷамоати деҳоти Шаҳристон оварда, Эҳроми Бозор бо дасту пояш ӯро зада ба ҳалокат мерасонад. Ба дунбол, барои рӯйпуш намудани ҷиноят, ин афрод аз нуқтаи сӯзишворӣ, дар зарфи пласмасии 6-литра сӯзишвории бензин харидорӣ намуда, ҷасади Кузиева Мақсударо оташ зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, ки ин се нафар қаблан низ доғи судӣ доштанд ва дар маҳбас бо ҳам ошно гаштаанд. Ба гуфтаи манбаъ, ҳамакнун онҳо аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар ин куштори мудҳиш дастгир гардида ва алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
XS
SM
MD
LG